Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони 15 ҳазор хонаводаи ноҳияи шимолии Уганда маҷбур шуданд, ки бар асари обхезиҳое, ки дар натиҷаи боронҳои давомдор ба миён омаданд, тахлия шаванд. Дар ин хусус ба «Синхуа» мансабдори маҳаллӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, маҷрӯҳон, ки асосан занону кӯдакон мебошанд, муваққатан дар мактабҳо ва марказҳои тиббии наҷотёфта ҷойгир карда шуданд. Аммо обхезиҳои харобиовар ба биноҳои маъмурӣ низ зарари ҷиддӣ расонидаанд ва комиссари ноҳия сарвазирро огоҳ намуда, хоҳиш кардааст, ки кумак ва дастгирӣ намояд.
Қаблан соли 2022 боронҳои шадид дар шарқи Уганда обхезӣ ба вуҷуд оварда буданд, ки дар натиҷа 24 нафар ҳалок ва ҳазорон нафари дигар маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






