Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар паёми табрикӣ Раиси шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки ҷашни Рӯзи пойтахт ба мисли худи пойтахти зебою дилорои мо кулли сокинони кишварамонро сарҷамъу муттаҳид месозад. Имрӯз хурду калон Душанберо дӯст медоранд ва ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои он арҷ мегузорад.
«Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсӣ, илмию фарҳангии он муаррифи шоистаи симо ва оинаи давлату миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад, — таъкид намуданд муҳтарам Рустами Эмомалӣ. — Дар давраи арзишманди ташаккулёбии худ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бо саҳмгузории наслҳои гузашта сохта шуда, ҳоло дар марҳилаи инкишофи устувор ва рушди бесобиқаи худ қарор дорад».
Изҳор гардид, ки солҳои охир зери таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду ободии пойтахт такони тоза ва илҳомбахш дода шуда, корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе тазаккур доданд, ки бо шарофати дастгирии давлату Ҳукумат ва тавассути заҳматҳои сокинони ободпешаи Душанбешаҳр, мо тавонистем, ки дар якчанд соли охир симои пойтахтро куллан дигар карда, онро ба яке аз пойтахтҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардонем.
«Маҳз дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат, шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардид, — илова намуданд Рустами Эмомалӣ. — Муҳимтар аз ҳама, дар Душанбе барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, илму фарҳанг, роҳу коммуникатсия ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии он шароити мусоид фароҳам оварда шуд».
Изҳори итминон карда шуд, ки дар солҳои наздик шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.
Дар идома гуфта шуд, ки дар баробари дастовардҳои назаррас, мо ҳанӯз дар миқёси пойтахт масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо нерӯву зеҳни солим, иттиҳоду сарҷамъӣ ва меҳнати созандаву ободгарона, бо шукргузорӣ аз суботу оромии Ватани озоду соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл менамоем.
Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳар як сокини пойтахтро даъват намуданд, ки дар иҷрои рисолати боз ҳам ободтару пешрафта, зебову гулпӯш ва сарсабзу хуррам гардонидан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе сидқан талош варзанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад, ки имсол ба 20 апрел рост омадааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






