Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд

Апрель 20, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар паёми табрикӣ Раиси шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки ҷашни Рӯзи пойтахт ба мисли худи пойтахти зебою дилорои мо кулли сокинони кишварамонро сарҷамъу муттаҳид месозад. Имрӯз хурду калон Душанберо дӯст медоранд ва ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои он арҷ мегузорад.

«Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсӣ, илмию фарҳангии он муаррифи шоистаи симо ва оинаи давлату миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад, — таъкид намуданд муҳтарам Рустами Эмомалӣ. — Дар давраи арзишманди ташаккулёбии худ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бо саҳмгузории наслҳои гузашта сохта шуда, ҳоло дар марҳилаи инкишофи устувор  ва рушди бесобиқаи худ қарор дорад».

Изҳор гардид, ки солҳои охир зери таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду ободии пойтахт такони тоза ва илҳомбахш дода шуда, корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе тазаккур доданд, ки бо шарофати дастгирии давлату Ҳукумат ва тавассути заҳматҳои сокинони ободпешаи Душанбешаҳр, мо тавонистем, ки дар якчанд соли охир симои пойтахтро куллан дигар карда, онро ба яке аз пойтахтҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардонем.

«Маҳз дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат, шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардид, — илова намуданд  Рустами Эмомалӣ. — Муҳимтар аз ҳама, дар Душанбе барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, илму фарҳанг, роҳу коммуникатсия ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии он шароити мусоид фароҳам оварда шуд».

Изҳори итминон карда шуд, ки дар солҳои наздик шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Дар идома гуфта шуд, ки дар баробари дастовардҳои назаррас, мо ҳанӯз дар миқёси пойтахт масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо нерӯву зеҳни солим, иттиҳоду сарҷамъӣ ва меҳнати созандаву ободгарона, бо шукргузорӣ аз суботу оромии Ватани озоду соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл менамоем.

Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳар як сокини пойтахтро даъват намуданд, ки дар иҷрои рисолати боз ҳам ободтару пешрафта, зебову гулпӯш ва сарсабзу хуррам гардонидан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе сидқан талош варзанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад, ки имсол ба 20 апрел рост омадааст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид