ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 апрел, панҷшанбе, 102-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 11, 2024 08:00

11 апрели соли 2011 Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамгироӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсия ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуда,  Форуми «Имконоти нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» баргузор  гардид.

***

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 апрели соли 2017  дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нави кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон  эътимоднома қабул намуданд.

***

11 апрели соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Узбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дастаи мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол соҳиби Ҷоми «Роҳи абрешим-Ҳуа-Шан-2019» гардид.

***

11 апрели соли 2019  Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани Ниммарафони X  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тасдиқ гардид.

*** 

11 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

***

11 апрели соли 2022 Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии киберварзиш дохил гардид.

***

11 апрели соли 2023 дар Душанбе доир ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

11 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Махфират Ҳамроқулова-соли 1955- овозхони эстрадаи тоҷик, сарояндаи дастаи эстрадии «Гулшан»,  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Апрель 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш