ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 апрел, шанбе, рӯзи 104-уми соли 2023

Апрель 13, 2024 08:00

13 апрели соли 2000 «Хонаи савдои Тоҷикистон ва Беларус» ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 дар Душанбе нишасти Шурои Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал доир гардид.

***

13 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии  барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико конфронс баргузор гардид. 

***

13 апрели соли 2015 дар шаҳри Сеул Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд,  мулоқот намуданд.

***

13 апрели соли 2016 дар Душанбе  ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсоз  дар  мавзуи «Муколамаи миллӣ оид ба захираҳои об дар самти идоракунии захираҳои обии Идоракунии ҳамгирои захираҳои об (ИУВР)  дар Тоҷикистон» баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 ***

13 апрели соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа баррасӣ гардид.

***

13 апрели соли 2023 «Somon Air» ва «Kayan Travel Group» бо мақсади рушди интиқоли ҳавоӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

 

 13 АПРЕЛ:

Дар Тайиланд — Соли нав

***

Дар Непал – Соли нав

***

Дар Ҷумҳурии Чад — Рӯзи миллӣ

***

Дар Русия – Рӯзи сарпараст ва хайрхоҳ

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Фаррух Амонатов-соли 1978 -шоҳмотбози машҳури тоҷик

Апрель 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш