ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 18, 2024 08:00

18 апрели соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.

***

18 апрели соли 2010 ду шаҳрванди Тоҷикистон бо дучарха ба сайри ҷаҳон баромаданд.

 ***

18 апрели соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот намуданд.

***

18 апрели соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон узви Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 апрели соли 2014 дар Душанбе масъалаи рушди  ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопон муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши донишгоҳҳои Қазоқистон доир гардид.

***

18 апрели соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб  дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон Иҷлосияи  даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир шуд.

***

18 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

*** 

18 апрели соли 2022 сафирони Тоҷикистон ва Гватемала рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории ду давлатро баррасӣ намуданд.

***

17 апрели соли 2023 дар Женева ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA)  дар доираи  ҷаласаи 70-уми Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ намояндагӣ намуд.

 18 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Фотеҳ Ниёзӣ — соли 1914 — Нависандаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

***

Бозор Назриев — соли 1938 — профессор, доктори илми риёзӣ

Апрель 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш