ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 апрел, шанбе, 97-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 6, 2024 08:00

Дар ин рӯзи  соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфтанд. 

***

6 апрели соли 2018 дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа чор майдони хурди замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи  соли 2018  дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 аз рӯи 11 намуди варзиш- гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ – румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, занон), волейбол (мардон, занон), варзиши сабук, бокс ва вазнбардорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе хатсайри нави сайёҳии «Сайри гули лола» ташкил шуд.

***

6 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

6 апрели соли 2021  бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» доир гардид.

***

6 апрели соли 2022  Сафири навтаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад.

*** 

6 апрели соли 2023 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом-Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гусел намуданд.

6 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот.

***

Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ.

***

Дар Русия –Рӯзи геологҳо

Апрель 6, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст