ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН БОЯД ЗЕРИ НАЗОРАТИ МАХСУС ҚАРОР ГИРАД. Дар ноҳияи Варзоб бо сокинон вохӯрӣ доир гардид

Апрель 5, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти имсол баргузор гардид, бо сокинони ноҳия  вохӯрӣ доир гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад.

Таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва шаҳрвандони мо фаризаҳои диниашонро озодона анҷом медиҳанд».

Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири мулоқот иброз доштанд, ки «шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалии дунё ҳастем ва дар қатори давлатҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун мамлакати фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд».

Гуфта шуд, ки Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ чун самти афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Маълум  аст, ки сокинони аксар давлатҳои ҷаҳон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ҳам ба мамлакат ва ҳам ба аҳли оилаашон манфиат меоранд.

Тавре таъкид гардид, таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  таъкид менамоянд, ки  мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавӣ омӯзанд ва дар оянда дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб шаванд.

Ба таъкиди иштирокчиёни мулоқот, имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнини терорристию экстремистӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал намудани мушкилоташон дар хориҷи мамлакат ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Бахусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳоднамудаи шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд, бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида, гумроҳ намоянд ва онҳоро ба созмонҳои гуногуни экстремистию терорристӣ ҷалб намоянд.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаи ташвишовари дигар-  тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони мамлакат, ташвиқи либосҳои бегона, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки аксар занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид менамоянд, ки ин  нишони бехабарии онҳо аз фарҳангу маданияти қадими тоҷикон мебошад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур намудани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии наврасону кӯдакон ба китобхонӣ ибрози андеша карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Апрель 5, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид