ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ДУШАНБЕ, 28.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки дар соҳаи тиб хеле васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаҳои кӯҳу теппаҳо рӯида, хусусияти табобатияшон хеле баланд мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои худрӯи шифобахш мавҷуд аст, аз ҷумла барги зуф, испанд, қоқӯ, дулона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра.
Барги зуф (ба забони лотинӣ Plantago major) навъе аз гиёҳҳои бисёрсола буда, бо номҳои гӯши хар, асфағул, забони барра, занбарак, зулф, зуфтурум, филгӯш маъруф аст.
Тавсифи гиёҳшиносӣ
Барги зуф то 60 см қад мекашад. Пояи кӯтоҳ, барги байзашакл (аз бехи поя месабзад), гули майдаи бӯртоб дорад. Барги зуф аз моҳи май то охири сентябр гул мекунад. Он дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон месабзад.
Зуф рустании бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи зуфиҳо (Plantaginaceae) тааллуқ дорад. Барги зуф якҷоя аз баргпоя сабзида, дарозиаш 5 – 20 см ва паҳноияш 5 – 12 см мебошад. Зуф дар моҳҳои июн – июл гул карда, тухмаш дар моҳҳои сентябр – октябр пухта мерасад. Барги зуфро дар вақти гулкунӣ ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойҳои ҳавогузар хушк мекунанд.
Дар тиб бо мақсади доруворӣ барг, тухм ва шираи зуфро ба кор мебаранд. Барги зуф хусусияти зидди илтиҳобӣ, зиддибактериявӣ, марҳамбахшии захм, таскинбахшии дард ва зиддиташаннуҷӣ дорад.
Хосияти шифоӣ
Барги зуф гиёҳи шифобахш аст. Дар тибби мардуми Чин 3 ҳазор сол қабл баргу тухми барги зуфро барои табобати беморон кор мефармуданд.
Бино ба маълумоти Абуалӣ ибни Сино, барги зуф вараҷа ва дарди гӯш (агар шираи барги онро ба гӯш чаконанд), рафъ менамояд. Реша, тухм ва барги он қабзияти ҷигар ва гурдаро мекушояд, баргаш хунравиро боздошта, захмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад. Абуалӣ ибни Сино бо барги зуф ҳар гуна варам, захму ҷароҳат, нуқсонҳои ҷигар, гурда, узвҳои нафас, реши рӯда, варами чашм, дарди дандон ва обхӯраро табобат менамуд.
Бино ба маълумоти «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн, шираи барги зуфро ҳангоми сил, вараҷа, хунпартоӣ, захми меъда, зиққи нафас, инчунин саръ истифода мебаранд. Шираи барги зуф кори ҷигар, гурда, сипурзро тақвият бахшида, қабзияти онҳоро рафъ месозад ва ҳазми ғизоро беҳтар мекунад. Агар бо ҷӯшоби барг ё решаи барги зуф даҳонро чайқонанд, дарди дандон ва сӯзиши даҳон нест мешавад, хунравии вораҳо қатъ мегардад. Дар тибби халқӣ барги тару тозаи зуфро чун воситаи хунбанд (ҳангоми ҷароҳатҳо) истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби барги тару тоза ва тухми он исҳоли хунин ва бемориҳои меъдаву рӯдаро муолиҷа менамоянд (2 қошуқ тухми онро дар ним истакон оби ҷӯшонида меандозанд ва баъди ним соат менӯшанд). Ҷӯшоби решаи барги зулф табларзаро бартараф месозад. Хокаи тухми онро ҳангоми исҳоли музмин, назлаи (катари) меъда, исҳоли хунин кор мефармоянд ва хокаи баргашро ба захм мепошанд.
Корбурд дар тибби муосир
Дар амалияи тибби муосир нақеъ ва шираи барги зуф барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда (газак, энтероколит, энтерит), халаҳои шадиду музмин ва бемориҳои захмӣ истифода мешавад. Доруи «палантаглюзид», ки аз барги зуф тайёр мекунанд, дар муолиҷаи илтиҳобу реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба кор меравад. Нақеъ, ҷавҳар, шира ва ҷӯшоби барги зуф давои хуби бемориҳои узвҳои нафас, сулфаи кабутак, сили шуш ва нефрити музмин мебошанд. Қиёми барги он хосияти таскинбахшӣ дошта, фишори хунро мефарорад; шираи баргаш барои муолиҷаи реши қарнияи чашм давои хуб аст.
Дар соҳаи стомотология обдам, обҷӯш ва қиёми барги зуфро барои табобати бемориҳои бофтаи атрофи дандон (гингвастоматит язвенный, эрозивный) ва стоматити баъди зуком бо усули чайқонидани ковокии даҳон ва тарбандии захму решҳо истифода мебаранд.
Тарзи истифода
10 гр барги зуфро дар як истакон оби ҷӯш 10 – 20 дақиқа дам дода, соф намуда, дар як рӯз 3 – 4 маротиба барои чайқонидани ковокии даҳон ва тарбандии захму решҳо истифода мебаранд.
АКС аз манбаъҳои боз








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид






