ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад

Апрель 28, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 28.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки дар соҳаи тиб хеле васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаҳои кӯҳу теппаҳо рӯида, хусусияти табобатияшон хеле баланд мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои худрӯи шифобахш мавҷуд аст, аз ҷумла барги зуф, испанд, қоқӯ, дулона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра.

Барги зуф (ба забони лотинӣ Plantago major) навъе аз гиёҳҳои бисёрсола буда, бо номҳои гӯши хар, асфағул, забони барра, занбарак, зулф, зуфтурум, филгӯш маъруф аст.

Тавсифи гиёҳшиносӣ

Барги зуф то 60 см қад мекашад. Пояи кӯтоҳ, барги байзашакл (аз бехи поя месабзад), гули майдаи бӯртоб дорад. Барги зуф аз моҳи май то охири сентябр гул мекунад. Он дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон месабзад.

Зуф рустании бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи зуфиҳо (Plantaginaceae) тааллуқ дорад. Барги зуф якҷоя аз баргпоя сабзида, дарозиаш 5 – 20 см ва паҳноияш 5 – 12 см мебошад. Зуф дар моҳҳои июн – июл гул карда, тухмаш дар моҳҳои сентябр – октябр пухта мерасад. Барги зуфро дар вақти гулкунӣ ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойҳои ҳавогузар хушк мекунанд.

 Дар тиб бо мақсади доруворӣ барг, тухм ва шираи зуфро ба кор мебаранд. Барги зуф хусусияти зидди илтиҳобӣ, зиддибактериявӣ, марҳамбахшии захм, таскинбахшии дард ва зиддиташаннуҷӣ дорад.

Хосияти шифоӣ

Барги зуф гиёҳи шифобахш аст. Дар тибби мардуми Чин 3 ҳазор сол  қабл баргу тухми барги зуфро барои табобати беморон кор мефармуданд.

Бино ба маълумоти Абуалӣ ибни Сино, барги зуф вараҷа ва дарди гӯш (агар шираи барги онро ба гӯш чаконанд), рафъ менамояд. Реша, тухм ва барги он қабзияти ҷигар ва гурдаро мекушояд, баргаш хунравиро боздошта, захмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад. Абуалӣ ибни Сино бо барги зуф ҳар гуна варам, захму ҷароҳат, нуқсонҳои ҷигар, гурда, узвҳои нафас, реши рӯда, варами чашм, дарди дандон ва обхӯраро табобат менамуд.

Бино ба маълумоти «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн,  шираи барги зуфро ҳангоми сил, вараҷа, хунпартоӣ, захми меъда, зиққи нафас, инчунин саръ истифода мебаранд. Шираи барги зуф кори ҷигар, гурда, сипурзро тақвият бахшида, қабзияти онҳоро рафъ месозад ва ҳазми ғизоро беҳтар мекунад. Агар бо ҷӯшоби барг ё решаи барги зуф даҳонро чайқонанд, дарди дандон ва сӯзиши даҳон нест мешавад, хунравии вораҳо қатъ мегардад. Дар тибби халқӣ барги тару тозаи зуфро чун воситаи хунбанд (ҳангоми ҷароҳатҳо) истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби барги тару тоза ва тухми он исҳоли хунин ва бемориҳои меъдаву рӯдаро муолиҷа менамоянд (2 қошуқ тухми онро дар ним истакон оби ҷӯшонида меандозанд ва баъди ним соат менӯшанд). Ҷӯшоби решаи барги зулф табларзаро бартараф месозад. Хокаи тухми онро ҳангоми исҳоли музмин, назлаи (катари) меъда, исҳоли хунин кор мефармоянд ва хокаи баргашро ба захм мепошанд.

Корбурд дар тибби муосир

Дар амалияи тибби муосир нақеъ ва шираи барги зуф барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда (газак, энтероколит, энтерит), халаҳои шадиду музмин ва бемориҳои захмӣ истифода мешавад. Доруи «палантаглюзид», ки аз барги зуф тайёр мекунанд, дар муолиҷаи илтиҳобу реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба кор меравад. Нақеъ, ҷавҳар, шира ва ҷӯшоби барги зуф давои хуби бемориҳои узвҳои нафас, сулфаи кабутак, сили шуш ва нефрити музмин мебошанд. Қиёми барги он хосияти таскинбахшӣ дошта, фишори хунро мефарорад; шираи баргаш барои муолиҷаи реши қарнияи чашм давои хуб аст.

Дар соҳаи стомотология обдам, обҷӯш ва қиёми барги зуфро барои табобати бемориҳои бофтаи атрофи дандон (гингвастоматит язвенный, эрозивный) ва стоматити баъди зуком бо усули чайқонидани ковокии даҳон ва тарбандии захму решҳо истифода мебаранд.

Тарзи истифода

 10 гр барги зуфро дар як истакон оби ҷӯш 10 – 20 дақиқа дам дода, соф намуда, дар як рӯз 3 – 4 маротиба барои чайқонидани ковокии даҳон ва тарбандии захму решҳо истифода мебаранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 28, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд