Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо роҳбари ҳайати ташхискунандагони кишварҳо, иқтисодчии пешбари минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои Осиёи Марказӣ Эрик Ливни баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба афзалият ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «S&P Global Ratings» рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро ба дараҷаи «B+/B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошт
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1099 сомонӣ муқррар шудааст
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид






