Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Июль 12, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 12 июли соли 2025 зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.

Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар,  Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа. Яке аз мавзеҳои асосии номинаи мазкур маҷмааи бостоншиносии “Қалъаи Хулбук” – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим, ки мероси он ба шарофати маҷмуаи чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад.

Тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат ҳамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фарҳангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст.

Пешбарии номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 инҷониб бо талошҳои муштараки мутахассисони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ шудааст.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 12, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд