Тоҷикистон ва Олмон робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлингенро муҳим арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар доираи сафар ба Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе бо шаҳрдор (Oberbürgermeister)-и он Томас Кек мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сипас дар атрофи тақвияти ҳамкории минбаъда байни бародаршаҳрҳо дар бахшҳои иқтисод, илму фарҳанг, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ, инчунин танзими чорабиниҳои муштараки варзишиву фарҳангӣ дар Душанбе ва мутаносибан дар Ройтлинген табодули афкори созанда доир шуд.
Зимни вохӯрӣ бо мудири иҷроияи Палатаи саноат ва савдои минтақаҳои Ройтлинген, Тюбинген ва Тсоллерналб (IHK) Волфганг Епп ба рушди ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, танзими ҳамоишҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлинген тамаркуз карда шуд.
Ҳамзамон дар мулоқоти дигар бо президенти Донишгоҳи Ройтлинген, профессор, доктор Ҳендрик Брумме оид ба ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ, барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯён ва имконияти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассисаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






