УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ! Дар шаҳри Ҳисор сарбозон-хатмкардагони хизмат ба Ватан қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо фарзандони содиқи Ватан, ки бо азму иродаи қавӣ ду сол хизмати Ватан – Модарро иҷро намуда, сарбаландона аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, вохӯрӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои садоқат ба Ватан ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ анҷом додани хизмати ҳарбӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба 12 хатмкардаи мактаби ҷасорат Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Сарбозон иброз доштанд, ки бояд ҳар ҷавони бо нангу номус ба хизмати ҳарбӣ рафта, муҳофизатгари хоки Ватан бошад.
Иброз гардид, ки волидон бояд фарзандонро аз хурдӣ дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд, то дар оянда муҳофизатгари Ватани хеш гарданд. Ҳар ҷавоне, ки синнаш ба хизмати ҳарбӣ расидааст, даъват шуд, ки ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи ҷавонмариро сарбаландона адо намояд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавони бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл мерос мондааст.
«Дар вуҷуди ҳар нафаре, ки ҳисси ватандӯстӣ ҷой дорад, кӯшиш мекунад қарзии фарзандиашро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намояд»,-таъкид гардид дар вохӯрӣ.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






