Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи муштараки Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ва оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар кори комиссияҳои мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуда, сухан гуфтанд.
Вакилони парлумони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаи 75-умин солгарди қабули Конвенсияҳои Женева ва фаъолияти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, инчунин ҳамкорӣ байни Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Милали Муттаҳид дар доираи ҳамоҳангсозии механизми маҷлисҳои парлумониро баррасӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд






