ВАТАН-ШАРАФ ВА НОМУСИ МО. Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда ботантана баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи даъватшаванда таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қабл аз оғози ҳамоиш наваскарону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷавонони фаъол аз назди бинои комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр бо шиорҳои «Тоҷикистон, ба пеш!», «Хизмат ба Ватан шараф аст», «Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост» ва садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки бо шарофати ғамхории Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол ба сол беҳтар гашта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ба Артиши миллӣ таъкид доштаанд ки «давоми солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далерию шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагиашонро адо намуданд ва борҳо собит сохтанд, ки Артиши миллӣ аз уҳдаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад.
Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд. Аз ин рӯ имрӯз вақти он расидааст, ки пайи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон, миллати хеш, падару модар, хоҳарону бародарон ва аҳли диёр бештар талош варзем.
Таъкид гардид, ки барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳои афзоянда ва таъмини суботу амнияти мамлакат, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бо нангу номус эҳтиёҷ дорад. Хушбахтона, сафи ихтиёриёни хизмат ба Ватан пайваста меафзояд.
Раиси шаҳр ба 90 даъватшавандае, ки даври омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ҷамъияти мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда, ба онҳо барои хизмати содиқона ба Ватан роҳи сафед таманно намуд.
Дар Рӯзи даъватшаванда волидайну пайвандони даъватшавандаҳо, сарбозони қисмҳои харбӣ ва даъватшавандагон сухан намуда, аз роҳи тайкардаи пуршарафи падару бобоён, қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ёдовар шуданд. Ҳамзамон хизмати ҳарбиро барои ҷавонон мактаби бузурги тарбияи ҷисмонию равонӣ арзёбӣ ва онҳоро ба хизмати Ватан-Модар ҳидоят намуданд.
Дар интиҳо ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертиро пешкаши иштирокдорони Рӯзи даъватшаванда намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






