ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияи иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Аҳамияти технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ» машғулияти илмӣ-методӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш оид ба рушди устувори технологияҳои навин, истифодаи самараноки онҳо дар раванди таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ибрози андеша карда шуд. Ҳамзамон дар мавзуи «Аҳамияти рӯнамоӣ дар ҷараёни таълим» тариқи тахтаи электронӣ дар бораи тарзи сохтани рӯнамоӣ ва омодакунии он бо тарзи замонавӣ маълумот дода шуд.
Дар идома дар мавзуи «Нақши технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК) дар ҷараёни тарҷума» ва пиромуни «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони давлатӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд.
Ин иқдом бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забондонии кормандони давлатиро яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор ҳисобида, дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






