19 МАЙ-РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор мешавад.
Тавре сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод, Дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Ба ин муносибат кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт даъват карда мешаванд, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ фаъолона иштирок намоянд.
Мусобиқаи Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки 21 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 шаҳрванди гуногункасб ва дар марафони велосипедронӣ 1560 нафар иштирок намуд. Дар ин мусобиқаҳои варзишӣ роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ичунин варзишгарон фаъолона иштирок намуданд.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Мусобиқаи навбатӣ 17 — умин Дави миллӣ маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 19 майи соли 2024, соати 07:30 марафони велосипедронӣ ва соати 08:30 Дави миллӣ оғоз мегардад.
Дави миллӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






