23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони вилоят баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Нахуст барои арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд. Сипас роҳбарият бо дастовардҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш шинос гардиданд.
Раиси вилоят ба ҷавонон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки дар баробари ташаккул ва рушди ҳамаи соҳаҳои муҳим, дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи бузург ба сиёсати ҷавонон ва пешрафти кулли ҷанбаҳои ҳаётии ин қишри ҷомеа равона гардид, ки самараи неки онро мо имрӯз баръало мебинем.
Аз ин рӯ месазад, ки бо садоқат ва эҳтироми самимӣ, бори дигар ба хиради азалӣ, дурандешӣ, заковат, ҷавонмардию ҷавонпарастӣ, саховат ва ҷасорату нусрати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари таъзим фуруд оварда, вафодории хешро ба сиёсат ва роҳи пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ изҳор намоем.
Маҳз таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон буд, ки 23 майи соли 1997 пас аз мулоқот бо намояндагони ҷавони мамлакат Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расид.
Иқдоми дигари бузурги Президенти мамлакат- ин моҳи майи соли 1998 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намудани 23 май буд.
«Дар қатори ҷавонони минтақаҳои дигари Ватани маҳбубамон ҷавонони Бадахшон низ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳраи зиёд гирифта, дар посух ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат бо таҳсили хуб, эҷодкорӣ, фаъолияти пурмасъул ва зиракию омодагии доимӣ барои ҳифзу ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва марзу буми аҷдодӣ миллатдӯстӣ ва ватанпарварӣ нишон медиҳанд»,- иброз дошт Раиси вилоят.
Дар фарҷом бархе аз ҷавонон, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо Ифтихорномаи Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ






