25 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад

Май 22, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд. Фестивали асосӣ 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешавад.

Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои Лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдоми вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 22, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд