25 МАЙ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ. Фаъолияти ин узв ба тамоми бадан вобаста аст

Май 25, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 май Рӯзи ҷаҳонии ғадуди сипаршакл дониста мешавад. Ғадуди сипаршакл дар зери гулӯ ҷойгир буда, фаъолияти он ба тамоми организм вобастагӣ дорад. Ғадуди сипаршакл танзимгари асосии табодули моддаҳо ба шумор меравад. Ин ғадуди эндокринӣ ҳормонҳо месозад. Ҳормони сипаршакл, ки аз ин ғадуд мебарояд, тавассути хун аз тамоми бадани мо мегузарад ва тақрибан ҳар узви бадан ба он ниёз дорад. Вақте ки ғадуди сипаршакли шумо дуруст кор намекунад, он метавонад ба тамоми бадани шумо таъсир расонад.

Ба гуфтаи коршиноси соҳаи тандурустӣ, ғадуди сипаршакл дар қисми пеши гардан, дар болои ҳалқ ва қисми болоии нойи нафас ҷойгир аст. Барои ҳосил намудани ҳормонҳои ғадуди сипаршакл йод зарур аст. Ғадуди сипаршакл ҳормонҳои худро бевосита ба хун хориҷ намуда, он пеш аз ҳама, ба ҷараёни барқароршавӣ, мубодилаи чарб, қадкашӣ, вазн, қобилияти ақлонӣ ва инкишофи ҷисмонӣ таъсир мерасонад. Агар бадани шумо ҳормони сипаршаклро аз ҳад зиёд хориҷ кунад, шумо метавонед гирифтори беморӣ бо номи гипертиреоз шавед. Агар бадани шумо ҳормони сипаршаклро хеле кам хориҷ кунад, онро гипотиреоз меноманд. Ҳарду ҳолат ҷиддӣ ҳастанд ва бояд аз ҷониби табибон табобат карда шаванд.

Бояд гуфт, ки бемории ғадуди сипаршакл яке аз бемориҳои дар ҷаҳони муосир паҳншуда мебошад. Дар байни эндокриния онҳо аз рӯи аломатҳои пайдоиш пас аз бемории диабети қанд дар ҷои дуюм қарор доранд.

Агар инсон асабоният, мушкилот дар хоб, гум кардани вазн, ларзиши мушакҳо, эҳсоси давраҳои номунтазам, хастагӣ, фаромӯшхотирӣ ва доштани овози хирросиро ҳис кунад, бояд ба табиб муроҷиат намояд. Зеро инҳо аломатҳои бемории ғадуди сипаршакл мебошанд.

Яке аз бемориҳое, ки сабаби асосиаш норасоии йод дар организм аст, бемории ҷоғар мебошад. Нишонаи маълуми ҷоғар пайдошавии варам дар пеши гардан мебошад, ки аксар вақт беморро ба ташвиш намеоварад. Бинобар ин беморон муддати зиёд ба табиб муроҷиат намекунанд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки яке аз усулҳои беҳтарини пешгирӣ намудани ин беморӣ ба намак ҳамроҳ кардани йод мебошад. Зеро, намакро ҳама истеъмол менамоянд ва он маводи арзон буда, ба ҳама дастрас аст. Чун миқдори ками намак истифода мешавад, нисбат ба дигар мавод йодро ба он бисёртар ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Ба гуфтаи табибон, норасоии йод дар давраи ҳомиладорӣ хатари ҷиддӣ дорад. Ҳомиладорӣ давраест, ки дар он ғадуди сипаршакли зани ҳомила якбора ба ду ҷисм – модар ва кўдаки дохили батн хизмат мекунад ва кори ғадуди сипаршакл дучанд зиёд мешавад. Ҳомиладорӣ яке аз омилҳое аст, ки таъсири камйодиро ба ҷисми модар ва кўдак меафзояд ва он дар навбати худ ба бемориҳои камйодӣ оварда мерасонад. Норасоии йод дар давраи ҳомиладорӣ ба бачапартоӣ, мурдатаваллудкунӣ, тавлиди тифли дорои осеби мағзи сар ва безурётӣ оварда мерасонад.

Баъзе одамон ва табибони мардумӣ ба табобати худсаронаи ҷоғар даст мезананд, аз ҷумла роҳи ба об ва шир ҳамроҳ кардани қатраҳои йоди аз дорухонаҳо гирифтаро тавсия медиҳанд, ки ин нодуруст аст. Аз таҷрибаи мутахассисон бармеояд, ки ин гуна табобат ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Барои афзоиши ҷисми кӯдак ғизои солим зарур аст, ки дар таркиби он ба ғайр аз меъёри муайяни сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо, инчунин моддаҳои минералӣ, яъне йод, оҳан, фосфор, магний, молибден, калсий, мис ва ғайра бояд бошанд.

Бинобар ҳамин, ба одамони солим муфид аст, ки соле 2-3 маротиба аз назорати табиби мутахссис гузаранд, то итминон ҳосил намоянд, ки ин узв вазифаи худро чӣ гуна иҷро менамояд. Дар ҳамин ҳол он нафаре, ки аллакай аз бемориҳои вобаста ба ғадуди сипаршакл ранҷ мебарад, ҳар сол ҳадди ақал як маротиба бояд аз ташхис гузарад. Бояд гуфт, ки пешгирии ин беморӣ нисбат ба табобаташ хеле осон ва арзон мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад