Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ- Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Фатиҳ Каҷир дар Анқара дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ вохӯрии ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба маҷмуи масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, энергетика, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия










Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид






