Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд

Май 11, 2024 08:26

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 май бо иштироки гурӯҳи ташаббускор ва собиқадорони Ҳизби демократи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои сиёсии ин ҳизб баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар қароргоҳи Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар доданд.

Шурои сиёсии ҳизб масъалаҳои вобаста ба Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Гурӯҳи ташаббускор ва собиқадорони Ҳизби демократи Тоҷикистон қарор гузоштаанд, ки дар Анҷумани имрӯза ба фаъолияти солҳои охири Ҳизби демократи Тоҷикистон ва раиси пешини он баҳо дода, раис ва ҳайати нави Шурои сиёсии ҳизбро интихоб намоянд.

Май 11, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад