Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати №1»-и шаҳри Душанбе туҳфаҳо тақдим гардид

Май 31, 2024 19:57

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар радифи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон, ки дар доираи сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешавад, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва аёдати онҳо дар арафаи иду ҷашнҳо дар мамлакат ба анъана даромадааст.

Беҳдошти шароити рӯзгор ва муҳайё кардани имконоти мусоиди зист барои кӯдакону наврасон ва ҳифзи ҳуқуқу таъмини шароит барои таълиму тарбияи онҳо таҳти таваҷҷуҳ буда, дар ин самт бо такя ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳадафҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Бо мақсади амалӣ кардани тадбирҳои беҳдоштӣ аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дар доираи ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз номи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати рақами 1» хони идона ороста шуда, ба 550 нафар туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар доираи тадбирҳои маишию фарҳангӣ барои шодгардонидани бошандагон барномаҳои рангину шавқовар низ бо ҷалби қаҳрамонони филмҳои тасвирӣ пешкаш карда шуд.

Дар ин замина тарбиятгирандагон нисбат ба ғамхориҳои рузафзуни Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимӣ баён менамоянд.

Бояд гуфт, ки сарпарастии Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати рақами 1»-и шаҳри Душанбе ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» вобаста буда, дар ин муассиса баҳри таълиму тарбияи сифатнок ва будубоши бошандагон шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати рақами 1»-и шаҳри Душанбе беш аз 500 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин бо иқдоми роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дар ин рӯз барои фарзандони хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии мамлакат, дар саҳни бинои истиқоматияшон чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуда, ба хонаводаи марзбонони шуҷоъи Ватан, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст туҳфаҳо тақдим гардид ва кумаки молиявӣ расонида шуд.

Тадбирҳои неки беҳдоштӣ, ки дар радифи дигар нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд, чун намунаи ибрат барои болидаруҳӣ ва таъмини имконоти боз ҳам бештари иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2024 19:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд