Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид

Май 1, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он  созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодаи маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки масъалаи таъсиси иқтидори истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор рафта, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ карда шудаанд. Сохта ва ба истифода додани маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» метавонад дар татбиқи ҳадафҳои стратегии ин ҳуҷҷатҳо саҳм гузорад.

Ба кор даровардани ин корхона муҳим арзёбӣ гардида, дар оянда он талаботи мамлакатро бо маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ дар ҳаҷми муайян таъмин месозад.

Дар ҳолати пурра ба фаъолияти оғоз намудани ҶДММ «Разес Фарма» корхона метавонад талаботи мамлакатро бо намудҳои гуногуни маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъмин намояд ва ба коҳиш ёфтани воридоти ин намуди маҳсулот таъсир расонад.

Иқдоми пешгирифта ба трансформатсияи гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз давлати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ, инчунин амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии мамлакат мувофиқ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, вакилони мардумӣ  Гулбаҳор Ашурзода ва Абдуҳалим Ғаффорзода муаррифӣ намуданд.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид