«БАРҚИКУНОНИИ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН». Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа сокинони 26 маҳаллаи Бадахшон ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд

Май 29, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» (TREP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, аз сӯи Ширкати «Помир Энерҷӣ» амалӣ мегардад, таъминоти неруи барқ барои маҳалҳои аҳолинишини деҳот, ки то ҳол ба неруи барқ дастрасӣ надоштанд, дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон босуръат идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «ПомирЭнерҷӣ» иттилоъ медиҳад.

Неругоҳҳои барқи обии камиқтидор барои дастрасии сокинони манотиқи кӯҳистонии дурдаст ба неруи барқ кумак менамоянд.

Сохтмони иншооти барқӣ дар шароити куҳсор, махсусан дар мавзеъҳое, ки роҳи мошингард вуҷуд надорад, кори душвор аст. Аммо, новобаста ба ин аз тирамоҳи соли 2023 дар 7 деҳаи водии Бартанг сохтмони неругоҳҳои хурд оғоз гардид. Дар деҳаҳои Равмед, Даржомч ва Аҷирх марҳилаи банақшагирии техникӣ ба анҷом расида, сохтмони сарбандҳо, биноҳои агрегатҳо ва таҷҳизоти барқӣ шуруъ гардид. Барои расидан ба деҳаҳои Ҷизев, Миденчид, Девлох ва Бижравди водии Бартанг аз 3 то 8 километр роҳро пиёда тай кардан зарур аст. Ба ин нигоҳ накарда, ба мавзеъҳои неругоҳҳои оянда кашондани масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти зарурӣ бо истифодаи қувваи аспҳо ва ба таври дастӣ амалӣ гардид.

Неругоҳҳои барқи обии хурд барои истеҳсоли қувваи барқи аз 20 то 220 кВт вобаста ба эҳтиёҷот ва ниёзи сокинон пешбинӣ шудаанд. Корҳои сохтмониро ташкилоти сохтмонии маҳаллӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Назрӣ» ва «Мулк-1» бо ҷалби фаъоли сокинони маҳаллӣ пеш мебаранд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи аввали лоиҳаи «Барқикунонии деҳот» (TREP) ба анҷом расида, сокинони 26 маҳаллаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.

Тибқи нақша, марҳилаи дуюми лоиҳа, ки барқикунонии 35 деҳаи боқимондаро дар бар мегирад, то соли 2025 ба анҷом мерасад.

АКС: Ширкати «Помир Энерҷӣ»

Май 29, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд