БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ. Дар Душанбе ғолибони озмунҳо ҳавасманд гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии «Доноякон», «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» ва «Ахтаракони ҳисобдон» байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Гуфта шуд, ки озмун баҳри татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040»), «Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030» баргузор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмунҳои шаҳрии «Доноякон», «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» ва «Ахтаракони ҳисобдон» байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ташкили фазои ягонаи таълимӣ барои муайян кардани кӯдакони синни томактабии дорои сатҳи баланди рушди зеҳнӣ доир гардиданд.
Ин озмунҳо дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсили умумӣ ва ташаккули малакаҳои одии фаъолияти таълимӣ дар кӯдакони синни томактабӣ дар азхудкунии барномаҳои фанни зинаи аввали таҳсили миёнаи умумӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди истеъдоди онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён, қадрдонии меҳнати мураббиён ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа баргузор карда шуданд.
Довталабони озмунҳо – ғолибони даври ноҳиявӣ моҳҳои апрел ва май дар гурӯҳҳои алоҳида донишу маҳораташонро дар доираи талаботи Низомномаи озмунҳо пешкаш намуда, байни ҳам сабқат намуданд.
Дар ҳамоиши тантанавии ҳавасмандгардонӣ 57 ғолиби даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии «Доноякон», «Ҷаҳондонӣ аз забондонист», «Ахтаракони ҳисобдон» ва мураббиёни онҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин 10 мудири муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе, ки дар ҷамъбасти рейтинги даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ муайян шуданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ ва масъулону ҳайати ҳакамон, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмунҳо саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






