Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд спартакиадаи вилоятӣ ҷамъбаст шуд

Май 27, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Спартакиадаи вилоятӣ байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд оид ба волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз доир гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Спартакиадаи вилоятӣ байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд оид ба волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз баргузор шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Мирзоқосим Каримзода иброз намуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мақсад аз баргузор намудани спартакида тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ мебошад.

Воқеан дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, махсусан бозиҳои миллии варзишӣ майлу рағбат намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон аҳамияти муҳим дошта, барои нигоҳ доштани анъанаҳои неки ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки мояи ифтихору шарафмандии мо мебошад, ки зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонону наврасон ва варзишгаронамон дар иншооту толорҳои барҳавои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ машқу тамрин намуда, аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода менамоянд.

Зери сарпарастии доимии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонии ҷумҳуриявию байналмилалӣ баҳри таҳкими тарзи ҳаёти солим мунтазам доир мешаванд, ки нишони ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарони мамлакат мебошанд.

Дар ҷамъбасти спартакиадаи вилоятӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд супорида шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 27, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд