Бонки миллии Тоҷикистон бо Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Қазоқистон ҳамкориро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии директори генералии корхона Александр Транов дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи судманд ибрози назар намуда, омодагиашонро ба тақвияти ҳамкории минбаъда баён доштанд.
Ҳайати Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон имконияти нави технологии Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистонро дар шакли рӯнамо муаррифӣ намуда, хизматрасонии нав пешниҳод намуд.
Корхонаи давлатии сикказании Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони боэътимоди Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сикказании тангаҳо ба шумор рафта, аз ҷумлаи корхонаҳои муосир дар низоми сикказанӣ мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид






