Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Урдун-Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Уммон ҳакамӣ мекунад

Май 21, 2024 16:26

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати довароне, ки дар бозии панҷуми даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон ҳакамӣ мекунад, маълум шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин бозиро ҳайати доварон аз Уммон ҳакамӣ мекунад. Довари ФИФА Аҳмад Абу Бакар Саид Ал-Кафи 41-сола довари марказии рақобат таъйин шуд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Абу Бакар Салим Маҳад Ал-Амрӣ ва Рашид Ҳамид Алӣ Рашид Ал-Ғаитӣ кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Умар Муборак Мазоруса Саид Ал-Яқубӣ аз Уммон иҷро менамояд. Алоа Абед Ал-Қодир Неама Ал-Абадӣ аз Ироқ кори ҳайати доваронро назорат менамояд. Ба ҳайси комиссари бозӣ Ту Ксилианг аз Чин таъйин шуд.

Бояд гуфт, ки бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» байни тимҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 21, 2024 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад