Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?

Май 31, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шудани рӯйхати 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо, ташкилоту иттиҳодияҳое, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Тоҷикистон террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, моҳиятан чиро ифода мекунад? Чӣ бояд кард, ки шахс ноогоҳона ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ наафтад? Дар робита ба ин мавзуъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардад.

— Пеш аз ҳама бояд донист, ки дар баробари террористӣ ва экстремистӣ эълон шудани 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчунин:

а) фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ аст,

б) сомонаҳои интернетии ин 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо дар ҳудуди Тоҷикистон баста шудаанд,

в) ба ҳудуди Тоҷикистон воридоти адабиёти ин 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо (варақаҳо, китобчаҳо, брошюраҳо) манъ аст.

Тавре маълум аст, бо пешрафти технологияи иртиботиву иттилоотӣ имрӯз қариб ҳар сокини Тоҷикистон (аз хурд то калон, аз мактабхон то нафақахӯр, коргару донишҷӯ, кишоварзу сохтмончӣ — дар умум шаҳрвандону сокинони дорои донишу фаҳмиши сатҳи гуногун) дорои телефони мобилӣ буда, ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасии осон дорад. Ҳамин ҳолатро ба назар гирифта, ҳизбу созмонҳо, ҳаракату равияҳо, ташкилоту гурӯҳҳои дорои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоии зерини Интернет: Facebook, Instagram, You Tube, Twitter, Одноклассники ва даҳҳои дигар саҳифаҳои худро бо номҳои гуногун кушодаанд. Дар ин саҳифаҳое, ки ба ҳизбу созмонҳои террористӣ тааллуқ доранд, бо нашр кардани наворҳо, матнҳо, хабарҳо ақидаҳои иғвобарангез дар байни истифодабарандагони сегменти (бахши) тоҷикии Интернет паҳн карда мешаванд. Худи мафҳуми шабакаҳои иҷтимоӣ ифодагари ин аст, ки дар он одамони касбу кори гуногун, бо фаҳмишу дониши гуногунсатҳ имкони ворид шудану шинос шудан ба контенти (хабару маълумоти) носанҷидашударо доранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ мисли бозоре ҳастанд, ки ба он ҳама имкон доранд, ки аз ҳама тараф ворид шаванд, бо хабару маълумоти росту бардурӯғ шинос шаванд. Дар назари аввал ба назар мерасад, ки шабакаҳои иҷтимоии сегменти (бахши) тоҷикӣ шаҳри бедарвозае ҳастанд, ки дар он назорату масъулият қариб ки нест. Маҳз аз ҳамин ҳолат истифода карда, созмонҳои террористиву ифротгаро як қисми ҷавонону сокинонро ба сӯи худ ҷалб мекунанд. Зери ниқоби дину диёнат, имондориву қиёмат, бо садҳо ахбори дурӯғ бар зидди давлат, миллат, тинҷиву осоиштагӣ ва рушду инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон ақидаҳо паҳн мекунанд.

Маҳз ба хотири ба доми хатарбори созмонҳову ҳизбҳои террористиву ифротгаро наафтодани сокинони мамлакат Суди Олии Тоҷикистон бо ҳалномаҳои худ сомонаҳо ва саҳифаҳои 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳоро дар шабакаи Интернет ғайриқонунӣ эълон кард. Агарчӣ сомонаҳо ва саҳифаҳо дар шабакаи иҷтимоии Интернет фаъол бошанд ҳам, ворид шудану шинос шудан бо хабару маълумоти нашркардаи онҳо аз ҷониби мақомоти олии судии мамлакат манъ карда шудааст.

Ворид шудану хондани ахбору маълумоти сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии созмону ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ду хатар дорад. Аввал ин ки роҳбарону созмондиҳандагон ва фаъолони ҳизбу созмонҳои террористӣ ба воситаи барномаҳои махсус муайян мекунанд, ки кадом шахс, кай ва аз куҷо ба сомона ва ё саҳифаи онҳо ворид шудааст, чӣ қадар вақтро дар сомонаву саҳифаҳои онҳо сарф кардааст, ба кадом хабару маълумоти онҳо таваҷҷуҳ кардааст. Сипас он шахсро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, агар имкон бошад, бо ӯ дар тамос мешаванд, бо сад макру ҳила аз ӯ маълумот мегиранд, ба ҳамин тартиб шахс худ нафаҳмида, бо террористону ифротгароён дар алоқа мешавад. Дар идома онҳое, ки сомонаву саҳифаҳои ҳизбу созмонҳои террористиро гардон мекунанд, ин гуна шахсонеро, ки фақат ба хотири шинос шудан ба контенти (муҳтавои) сомонаву саҳифаҳои онҳо ворид шудааст, ҷонибдору тарафдори худ медонанд ва ҳатто дар рӯйхати худ онҳоро ворид мекунанд.

Яъне шахс худ надониста, ноогоҳона ба рӯйхати созмону ҳизбҳои террористӣ ва ифротгароӣ меафтад. Бинобар ҳамин ҳаргиз, ҳатто ба хотири шинос шудан ҳам ба саҳифаҳо ва сомонаҳои 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин, ки бо ҳалномаи Суди Олӣ террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, набояд ворид шуд: Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии Узбекистон), Ҳаракати «Толибон», Ташкилоти «Бародарони мусалмон», Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба», Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъият-е-Ислам-и Покистон), Ҷамъият-е-Таблиғ, Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот», Тоҷикистони озод, Ҳизби таҳрир, «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24», Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом), «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра), «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ), Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ), Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ), Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн), Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург), Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин», Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво», ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News), ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон», ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2».

Хатари дуюм, ки бар асари ворид шудан ба сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии созмону ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бармеояд, ин талаботи қонунгузории мамлакат мебошад. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қонунгузориҳои давлатҳои дигар низ ин талаботро доранд) гуфта шудааст, ки надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Ба ҳамин тартиб, бо назардошти он ки Суди олии мамлакат бо ҳалномаҳои худ муайян ва эътироф кардааст, ки 29 ҳизбу созмон, равия ва иттиҳодияҳо террористӣ ва экстремистӣ мебошанд, фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон манъ аст, зарур аст, ки шаҳрвандон аз ворид шудан ба саҳифаҳо ва сомонаҳои интернетии онҳо худдорӣ кунад.

Дар матлаби мазкур гуфта шуд, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет назорат ва масъулият қариб, ки нест. Дар асл масъулият ва назорат бояд аз ҷониби худи истифодабарандагони интернет таъмин карда шавад. Зеро шабакаи ҷаҳонии Интернет бартариҳои зиёд дорад, дар он маълумоти ҷолиб, хабарҳои муфид, донишҳои зарурӣ хеле зиёданд. Шахси оқилу доно метавонад, ки бо истифодаи дуруст аз шабакаи ҷаҳонии Интернет фаҳмишу дониши худро васеъ кунад, ҳатто забону касбу кор омӯзад, бо ҷаҳон ошно гардад. Мутаассифона, як гурӯҳ одамон бинобар надоштани саводи кофӣ, фаросату завқи баланд ва дигар омилҳо аз имконияти васеи шабакаи ҷаҳонии Интернет истифода намебаранд, балки ба сомона ва саҳифаҳои иғвобарангез, паҳнкунандаи хабарҳои бардурӯғ, фаҳш ва беасос ворид шуда: а) вақти худро барҳадар аз даст медиҳанд, б) худ ва наздикони худро дар хатар мегузоранд.

Дар урфият гуфтаанд: Аз бало ҳазар!

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 31, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ ҲУҚУҚШИНОС. Идораҳои нотариалӣ дар низоми механизми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ соҳиби мақоми арзандаанд
Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
Дар шаҳри Хоруғ доир ба таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН. Андешаҳо дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи даҳсолаи об дар шаҳри Душанбе
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
РУШДИ ИЛМ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
БЕГОНАШАВИИ ОДОБ ВА РАСМУ ОЙИНИ ЛИБОСПӮШӢ — БЕГОНАШАВИИ ФАРҲАНГ АСТ. Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Нигоҳи нав ба арзиши об» намоишгоҳ доир мешавад