Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд

Июль 8, 2025 15:51

ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 июли соли 2025 Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ, инчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар самтҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи иттилооти фаврӣ байни мақомоти салоҳиятдори ҳарду кишвар ва густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм зоҳир гардид.

Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мунтазам ва таҳкими муколамаи дуҷониба оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баён доштанд.

Июль 8, 2025 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд