ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО 2024: Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷӣ ба даст овард

Май 21, 2024 19:51

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024-ро ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков варзишгарон аз Фаронса, Нидерланд ва Мисрро мағлуб намуд. Дар марҳилаи баъдӣ Сомон Маҳмадбеков аз варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили мағлуб шуд.  Дар қисмати тасаллобахш Сомон Маҳмадбеков  бар Давид Карапетян аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуда, муборизаро барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон идома дод.

Дар ин марҳила Сомон Маҳмадбеков намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро шикаст дод ва мақоми сеюмро касб намуд.

Бояд гуфт, ки ин медали дуюми биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон мебошад. Аввалин медалро Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.

АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо

Май 21, 2024 19:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд