«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд

Май 26, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳти унвони «Чил рӯзи кӯдакон» бо иштироки кӯдакону наврасон чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» соли дуюм аст, ки дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои зеҳнии он кӯдакон иштирок намуда, донишу маҳораташонро месанҷанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки баргузории он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шуд. Бахшида ба ин ҷашн барномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ  доир мегарданд. Мақсад аз эълони ин рӯз — зиндагии хуш ва ояндаи неки насли наврас  мебошад.

Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Барои бо ҳаёти пурарзиш ва сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Май 26, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад