Дар Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар ҷаласа иброз намуд, ки ҳамоиш ба амиқтар шудани равандҳои ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни мо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.
Дар вохӯрӣ Ёддошти тафоҳуми таъсиси механизми ҳамкорӣ оид ба идораи ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ — Чин» ба имзо расид.
Дар доираи ҷаласа вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни идораҳои наҷоти ду мамлакат дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, таълим ва бозомӯзии кормандон ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






