Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Вобаста ба баргузории ин анҷуман ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо Роҳбари минтақавии донишкадаи Гёте доктор Уҳлиг Ҳайке аз Мюнхени Олмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаҳои муҳимми омӯзиши забон ва фарҳанги Олмон, рушди омӯзиш ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти илму таҳқиқот таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои тавсеаи ин масъалаҳо изҳори назар намуданд. Ҳамчунин омодагиашонро ба даъват намудани омӯзгорони касбӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба донишгоҳ, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, фиристодани омӯзгорону донишҷӯёни донандаи забони олмонӣ ба ин давлат ва беҳтар гардидани сатҳи забондонии онҳо баён намуданд.
Ҳамзамон масъалаи ифтитоҳи Маркази фарҳангии Олмон дар назди кафедраи забони олмонӣ ва дар муҳлати кӯтоҳтарин бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи Гётеи Олмонро баррасӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






