Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи такмили конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ баррасӣ гардид

Май 1, 2024 15:47

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзуи «Масъалаҳои такмили конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Конференсияи илмӣ ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ бахшида шуда, аз тарафи олимону унвонҷӯён ва докторантони PhD зиёда аз 70 мақолаи илмӣ аз рӯйи 5 бахш «Назария, ва ҳисоби амалияи истифодаи мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ», «Технологияи таҷҳизоти истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва сохтмонию роҳсозӣ ва маснуот», «Масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли он ҳангоми истеҳсоли корҳои сохтмонӣ», «Масъалаҳои рушди инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт» ва «Масъалаҳои рушди инноватсионии иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар мошинсозӣ» пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нишони рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳон мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ, инчунин техникаю технология дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.

 АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Май 1, 2024 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид