Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 127 нафар забони кореягӣ омӯхтанд
ДУШАНБЕ, 26.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 127 донишҷӯю ҷавон дар Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, муддати се моҳ забони кореягӣ омӯхта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Давраи омӯзиши забони кореягӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби устодон аз Корея доир шуд. Дар маросими супоридани шаҳодатнома ба донишҷӯён, ки забони кореягиро аз худ намудаанд, роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, доир ба ҳамкории тарафайни донишгоҳ ва Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея ибрози назар карданд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир донистани забонҳо яке аз омилҳои калидии муваффақияти ҳар шахс ба шумор рафта, фаъолияти чунин марказҳо муаррифи фарҳанг ва тамаддуни мардумон мебошад. Ба шунавандагони давраи забономӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва намояндаи Сафорат шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти забономӯзӣ дар ҳамкорӣ бо Институти забономӯзии Шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ даврҳои забономӯзии кореягӣ ба роҳ мондааст.
28 октябри соли 2022 дар донишгоҳ Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея дар назди донишгоҳ бо ду синфхонаи лингофонӣ ба истифода дода шуд. Дар марказ на танҳо донишҷӯён, инчунин хоҳишмандон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба курсҳои забономӯзии кореягӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардиданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






