Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тавсеа бахшидани фаъолият дар самти кор бо занон ва оила, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа бо аҳли ҷамоати шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёр баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оила хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҳисоботи раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои пойтахт оид ба фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли 2024 шунида шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баъди таҳлилу баррасии фаъолияти сохторҳои кор бо занон ва оила оид ба вусъат додани корҳо дар самти дастгирии занон, масъалаи омӯзонидани духтарон, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта сухан гуфта, ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






