Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоие аст, ки мавҷудияти насли инсонӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд. Ин матлабро 17 май зимни баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ» президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи академия Қобилҷон Хушвахтзода баён дошт.
Гуфта шуд, ки оила на танҳо асоси давлат аст, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, нақши муҳим дорад. Анъанаҳои миллӣ асоси на танҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат, балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошанд.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс барои қонеъ гардонидани талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегардад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






