Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Май 20, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоие аст, ки мавҷудияти насли инсонӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд.  Ин матлабро 17 май зимни баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ»  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи академия Қобилҷон Хушвахтзода баён дошт.

Гуфта шуд, ки оила на танҳо асоси давлат аст, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, нақши муҳим дорад. Анъанаҳои миллӣ асоси на танҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат, балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошанд.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс барои қонеъ гардонидани талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегардад.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 20, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд