Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар он муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ иштирокдоронро бо 5 масъала, аз ҷумла «Дар бораи баргузор намудани «Ҳафтаи футбол» дар ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чормоҳаи соли 2024», «Дар бораи баргузории маҷлисҳо ва конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботӣ дар ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни «30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва «Дар бораи даъвати маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос намуд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис иброз гардид, ки 7 майи имсол Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ташаббусро, яъне дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфт.
Вобаста ба ин дар кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат «Ҳафтаи футбол» амалӣ шавад.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис, гузориши муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чор моҳи соли 2024 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар чор моҳи имсол фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои ҳизб бештар хусусияти ташвиқотию тарғиботӣ касб намуда, ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ 8 декабри соли 2023 баён намуда буданд ва татбиқи нишондодҳои барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона гардид.
Нақшаи тасдиқшудаи фаъолияти ҳизб барои нимсолаи якуми соли 2024, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои фаълияти ҳизб буд, дар сатҳи матлуб ҷараён дошта, нишондиҳандаҳо иҷро мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар муҳлати чор моҳи соли 2024 фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ густариш ёфта бошад ҳам, вале дар кори баъзе кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо низ мушоҳида мешаванд, ки баҳри ислоҳи он бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлиси Раёсат «Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ — интихоботӣ дар ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки конференсияҳо ва маҷлисҳои ҳисоботӣ — интихоботиро тибқи тартиби муқарраргардида баргузор намоянд.
Масъалаи чоруми рӯзномаи Маҷлиси Раёсат «Дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба таҷлили «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида шуд.
Таъкид шуд, ки вобаста ба санаи муҳиму таърихӣ Қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25 майи соли 2023 «Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бо имзои Раиси муаззами ҳизб ба тасвиб расидааст.
Дар асоси қарор ҳайати Ситоди ҷумҳуриявии «Ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иборат аз 45 банд тасдиқ гардид.
Дар маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ташкилоти ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассубу хурофот ва дигар зуҳуроти манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ вусъат бахшанд ва мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30-солагии Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.
Бо итминон иброз гардид, ки ташкилоти ҳизбӣ фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолаташонро дар фаъолияти минбаъда низ дар татбиқи ғояҳои созанда — идеяҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хосса анҷом медиҳанд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб






