Дар Душанбе масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид

Май 16, 2024 18:27

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи имсол аз вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 182 тонна пиёз, 20 тонна пиёзи хушк, 551 тонна карам, 340 тонна сабзӣ, 88 тонна картошка, 20612 тонна зардолуи хушк ва чормағз, 1075 тонна ангур, 18 тонна лимӯ, 120 тонна лӯбиё содирот шуд. Ин матлаб 15 май зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Шаккалиев баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд оид ба содироту воридоти молу маҳсулот, бунёди марказҳои хариди яклухт, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва табодули таҷриба изҳори назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон 142 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст.

 АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд