Дар Хатлон нақшаи даъват ба хизмати Ватан бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид

Май 15, 2024 09:22

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 14 май нақшаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар  вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулини ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.

Давоми моҳи апрел то имрӯз даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ пурра ҷамъбаст карда шуд.

Дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои даъвати ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, ки 5 марти соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид.

Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба ин сохтору воҳидҳо даъват карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид