Дар Исломобод конфронси байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои обу иқлим баргузор шуд

Май 24, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Бунёди Исломобод ва ниҳоду ташкилоти обуҳавошиносӣ конфронси байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои обу иқлим баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ Сенатори Сенати Покистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Мушоҳид Ҳусайн Сайид, роҳбарияти донишгоҳ, намояндагиҳои корпусҳои дипломатӣ, профессорону донишҷӯён, мутахассисони соҳавӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва кормандони сафорат иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Саидҷон Шафиев ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати иштирокчиёнро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои обу энергетика ва иқлим ҷалб намуд.


Дар доираи чорабинӣ оид ба рафъи оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, таҳдиду хатарҳои он ва аҳамияти камшавии бесобиқаи чаҳонӣ ва ҳифзу нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯр ҳамчун зарурати экологии табиат, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид, дар шакли видеоӣ намоиш дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки Конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори кӯҳӣ аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мешавад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Май 24, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид