Дар қисми низомии мустақар дар вилояти Суғд Рӯзи марзбонон таҷлил карда шуд

Май 28, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи мавҷудият ва дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини ҳифзи марзу буми мамлакат ва амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст. Чунин гуфта шуд зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо афсарону сарбозони яке аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ашт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки раиси вилоят марзбононро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд.

Таъкид гардид, ки имсол ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии

Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ мебошад, 30 сол пур шуд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони бонангу номус марзҳои давлати соҳибихтиёрамонро бо сари баланд ҳимоя менамоянд.

Дар фарҷом барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, инчунин ба қисмҳои низомии мустақар дар вилояти Суғд кумаки моддӣ расонида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 28, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид