Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд

Май 4, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Бундестаги Олмон Насиба Содиқӣ бо ҳайати вакилони парлумони Бундестаги Олмон таҳти раёсати Манфред Грунд ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Олмон дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба бемайлон рушд доранд.

-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории судманд бо парламентҳои кишварҳои олам, аз ҷумла бо парлумони Бундестаг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба таври муназзам гузаштани чунин робитаҳо далели дарки муносиби арзишҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардумӣ мебошад, зеро эҷоди алоқаҳои мутақобили судманд, тавсеаи ҳамкорӣ, робитаҳои ҳасана бо дигар кишварҳо меҳвари асосии ин сиёсатро ташкил медиҳад. Ширкату тамосҳои пайваста ва ҳирфаии намояндагони мардумӣ дар сатҳҳои гуногун метавонанд барои наздик сохтани мавқеи давлатҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак намоянд ва боиси эҷоди заминаҳои муносиби меъёрии ҳуқуқии муносиб дар ин самт шаванд,-изҳор гардид дар мулоқот.

Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ниҳоят ҷавон буда, аз соли 2000 дупалатагӣ аст ва бешубҳа, дар ин росто омӯхтани таҷрибаи дигар кишварҳо, ки таҷрибаи бисёрасраи парламентаризм доранд, зарур ва муфид мебошад.

Изҳор гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла парлумонҳои Иттиҳоди Аврупо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудаанд.

Муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Олмон, тавре маълум аст, ба рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд. Тоҷикистон ва Олмонро муносиботи нек ба ҳам наздик мекунанд.

Дар охири мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дорои натиҷаҳои мушаххас буда, ба манфиати мардумони ду давлат равона шудаанд.

Манфред Грунд изҳор намуд, ки «самти муҳимтарини афзалиятноки сиёсати байналмилалии мо минбаъд низ густариш ва рушд додани робитаҳои байнипарлумонӣ бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Мо ин муносибатҳоро таҳким мебахшем».

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд