Дар Москва бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ташкилоти ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар мактабҳои олии Москва таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир маълумот дод. Дастгирӣ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муносиб баҳри омӯзиш ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсусан таъкид гардид.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷухи ҷавонони тоҷик, бахусус ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла ба муҳим ва зарурӣ будани тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зоҳир карда шуд.
Инчунин Сафир доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.
Дар анҷоми мулоқот як зумра ҷавонони касбу кори гуногун, олимону муҳаққиқон, варзишгарон ва донишҷӯён, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар қаламрави мамлакат саҳми назаррас доранд, бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






