Дар Муъминобод корҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ тақвият дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар маркази савдои ноҳияи Муъминобод бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии фурӯшандагон ва муштариён корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».
Ба фурӯшандагон ва харидорон оид ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус афзалияти пардохти хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ, истифодаи кортҳо, пос терминалҳо, замимаи барномаи «Амонат-мобайл», қарзҳои имтиёзнок ва пасандозҳо маълумот дода шуд.
Гуфта шуд, ки моҳи июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид. Тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
АКС: «Амонатбонк»








МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст






