Дар Муъминобод корҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ тақвият дода мешаванд

Май 5, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар маркази савдои ноҳияи  Муъминобод бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии фурӯшандагон ва муштариён корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Ба фурӯшандагон ва харидорон оид ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус афзалияти пардохти хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ, истифодаи кортҳо, пос терминалҳо, замимаи барномаи «Амонат-мобайл», қарзҳои имтиёзнок ва пасандозҳо маълумот дода шуд.

Гуфта шуд, ки моҳи июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид. Тибқи он аз 1 августи соли 2023  пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

АКС: «Амонатбонк»

Май 5, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1076 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2275 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст